Хабар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ ва идомаи анъанаҳои неки муколамаи созанда миёни Осиёи Марказӣ ва Италия хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад»

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо  бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар мамлакати мо Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Страницы