Хабар

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе

21.03.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият буда, рамзи бедоршавии табиат, саршавии соли нав ва зиндагии нав, покиву болидагии рӯҳу андеша ва таҳкиму густариши арзишҳои инсондӯстонаву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид.

Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3610 тонна бор, аз ҷумла аз 45 тонна доруворӣ, маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

07.03.2026, шаҳри Душанбе

Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар остонаи Наврӯзи фархундапай таҷлил мегардад, самимона табрику шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод орзу менамоям.

Страницы