Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз бодид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ намунаи ҳунарҳои дастиро, ки расму ойини аҷдодии мардуми кӯҳистонро таҷассум мекард, ба маъраз гузошта буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои занҳои кадбону, ки бо пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, аҳсан гуфтанд.
Модарони рӯзгордидаи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни бо чархаи дуғкашӣ гирифтани равғани маска ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хуштаъмро ба намоиш гузоштанд.
Сокинони ноҳияи Дарвоз бо истифода аз маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи барзгарону боғдорон, чорводорон ва занбӯриасалпарварон як гӯшаи намоишгоҳро зебу зиннат бахшиданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунару маҳорат ва заҳмати меҳнаткашон шинос шуда, ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи занбӯриасалпарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зикр шуд, ки сол то сол оилаҳои занбури асал дар минтақа бештар гардида, соли гузашта занбӯрпарварони ноҳия беш аз 60 тонна асали аз лиҳози экологӣ тозаю серғизо ҷамъоварӣ намуданд.
Танҳо занбӯрпарварони ҷамоати деҳоти Сағирдашт дар мавсими имсолаи ҳосилгирӣ беш аз 40 тонна асали хуштамъ гирифтанд.
Кишоварзону боғдорон маҳсулоти тару тоза ва коркард шудаи худро дар растаҳо ба маъраз гузоштанд, ки дарак аз пешрафти рушди соҳа медод.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонону хоҷагидорон суҳбати самимӣ намуда, бобати самаранок истифода кардани ҳар ваҷаб замини доманаи кӯҳҳо ва обёрӣ намудани заминҳои санглоху бекорхобида маслиҳат доданд.
Ҷангалпарварони ноҳияи Дарвоз бошанд дар ин рӯз намунаҳое аз гулу гиёҳ ва растаниҳои шифобахши ин мавзеро пешниҳоди меҳмонон гардониданд.
Сардори давлат ҳамзамон бо маҳсулоти корхонаҳои «Карон мармар», «Гавҳарнигор» ва ёдгориҳои таърихии шаҳраки Карон, инчунин маҳсули дасти занону духтарони корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» низ ошно шуданд.
Ба дастовардҳои хоҷагии Кооперативии зотпарварии «Сағирдашт», ки ба парвариш ва нигоҳубини гӯсфанди маҳинпашм машғул аст, Президенти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷиҳати барқарор кардани шуҳрати пешинаи он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ин ҷо ҳамчунин намудҳои зоти аспи тоҷикӣ, қутос ва гӯсфанди маҳинпашм ва ҳисорӣ ба намоиш гузошта буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷиҳати рушд бахшидаи соҳаи чорводорӣ ва махсусан қутоспарварӣ дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ки дорои имконияти фарох мебошад, дастур доданд.