Имрӯз дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба доир мегардад

Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба баргузор мегардад.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим иштирок мекунад.
Дар назар аст, ки баъди баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар хотимаи кори ҷаласа Протоколи муштараки ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шавад.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистонро дар кори ҷаласа ноиби Сарвазир Жанеш Разоқов роҳбарӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: