Хабар

Фестивал-озмуни «Андалеб-2016»: ҳунармандони ноҳияи Вахш 97,6 хол ба даст оварданд

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»  ҳаваскорони  ноҳияи Вахш намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, бо  барномаи консертӣ  хотири ҳаводорони мусиқиро  шод гардониданд.

Дар Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул карда мешавад

Ояндаи наздик  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бори нахуст Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар  робита ба ин,  имрӯз дар ҷаласаи нахустини  Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки баъди таътили тобистонаи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров Сафири Япония дар Тоҷикистон Хаджиме Китаокаро ба ҳузур пазируфт

Субҳи имрўз бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаджиме Китаокаро ба  ҳузур пазируфт.

Страницы