Хабар

«Андалеб -2016»: ҳаваскорони Кӯлоб 98,4 хол ба даст оварданд

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   аз 12 то 21 августи соли равон баргузор мегардад.
Ин навбат дар фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳаваскорони шаҳри Кӯлоб  манзури бинандагон гардид.

Намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Шоми 16-уми август дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба иштирокчиёни намоиш маҳсули дасти чакандӯзону заркорони  шаҳри Кӯлоб, адрасбофони ноҳияи Восеъ, намунаи гулдӯзиҳои халқии ноҳияҳои Муъминободу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қубодиёну Ҷайҳун ва Бохтару Ҷалолиддини Балхӣ писанд омад.

«Суғди бостон»- Фестивали фарҳангию сайёҳие, ки имкониятҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ кард

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 августи соли равон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» баргузор гардид.
Меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.

Страницы