Машварати иттилоотӣ дар мавзӯи «Муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар» бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ доир гардид. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар доданд, дар ҷамъомад масъалаи истифодаи мақсадноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа баррасӣ гардид.
Дар машварат кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич, мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷамоат, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.
Иштирокчиён бештар ба масъалаи тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб сухан карданд.
Зимни суҳбати озод иштирокчиён оид ба хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир огоҳӣ пайдо намуданд.
АМИТ «Ховар»