Хабар

Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони шаҳри Кӯлоб ва иштирок дар тантанаҳои идона

Нимаи дуюми рӯзи 5 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоти судманду созанда доир карда, дар барномаи бошукуҳи идона ба ифтихори 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Суханронии Пешвои миллат дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои басо хотирмон, ки бо мардуми бонангу номус ва ғаюру далери шаҳри Кӯлоб мулоқот дорем, бори дигар тамоми халқи азизи Тоҷикистон ва сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Кӯлобро бо ҷашни пуршукӯҳи 25 — умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ, ки баробари истиқлолу озодӣ сарвати гаронбаҳотарини ҳастии миллатамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт.

Страницы