Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Саммити оби Будапешт изҳор кард, ки ба Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудани масъалаҳои сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об, ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли ахири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
«Ҷойи шубҳа нест, ки хавфи сар задани буҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии сайёраи мо ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб хоҳад кард. Тахмин меравад, ки то ахири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид», — омадааст дар суханронии Сарвари давлат.
«Дар шароити ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст», — изҳор кард Сарвари давлати тоҷикон дар Саммити оби Будапешт.
Хотиррасон мекунем, ки 28 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»