Ҷавонони Тоҷикобод ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуданд
Опубликовано пн, 10/10/2016 - 12:35 пользователем tvtДар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚМҶТ), имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод 10 нафар ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ омада, омодагии худро барои хизмат ба Ватан- модар баён доштанд.