Хонандаи тоҷик соҳиби Шоҳҷоизаи 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин гардид

Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин баргузор гардид, ки дар он 6 нафар хонанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвахт ба АМИТ Ховар хабар дод, дар олимпиадаи мазкур аз 29 давлати дунё хонандагон иштирок намуда, дар ҷамъбасти олимпиада Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби шоҳҷоиза гардида, шараф ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошт.
«Ин сеюмин Шоҳҷоизаи хонандаи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин мебошад. Ба он соли 2008 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев, соли 2013 хонандаи мактаби Президентии шаҳри Бўстон Нодира Раҳимова ва соли 2016 Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе сазовор гардидаанд. Кумитаи тадорукоти олимпиада пешниҳод намуд, ки иштирокчиёни олимпиадаи мазкур имкон доранд ба донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дохил гардида, сазовори номи донишҷў гарданд»,-илова намуд котиби матбуоти Вазорати маориф ва илм.
«Аз аввали соли 2016 инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Ветнам, Швейтсария, Эрон ва Индонезия баргузор гардиданд, сазовори 127 медал: 21 ҷойи якум, 33 ҷойи дуюм, 73 ҷойи сеюм ва 33 ҷойи ифтихорӣ гардиданд»,-хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: