Дар доираи 16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон аз тарафи шуъбаву бахшҳои занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бохтар, Восеъ, Муъминобод барномаҳои гуногун ва вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бахшида ба ин рӯз таҳти унвонҳои «16 рӯз бар зидди зӯроварӣ», «16 рӯзи бе хушунат», «Пайванди наслҳо», «Нест бод хушунат» дар миёни аҳли ҷамоат, муассисаҳои мактабӣ, занону духтарони фаъол, занони собиқадор ва аъзои шӯрои занони ноҳияҳо вохӯрию суҳбатҳо доир гардиданд.
Дар вохӯриҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон доир ба оилаву оиладорӣ ва касбу коромӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
АМИТ «Ховар»