Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ доир менамояд.
Тавре аз Донишкадаи мазкур хабар доданд, конфронс дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ (ИМД), Лот 1 гузаронида мешавад.
«Ҳадаф аз баргузории конфронс муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёртарафаи байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар самти идоракунии молияи давлатӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ буда, дар он меҳмонон аз Русия, Фаронса ва Қазоқистон иштирок мекунанд»,-хабар доданд аз Донишкада.
АМИТ «Ховар»