Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хишти аввали сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегаватт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд ва он имрӯз аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо аз болои лавҳаи рамзӣ парда бардоштанд ва ба Маркази идоракунии ин иншооти муҳими энергетикӣ ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 расман оғоз бахшиданд.
Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, 17 миллиону 443 ҳазор доллари он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад.
Сохтмони навбати якуми «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2» бо иқтидори 100 мегаватт моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида буд. Он то соли 2014 бунёд ёфта, бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 бо иқтидори умумии 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ оғоз гардида, иншоот пеш аз муҳлат дар муддати 17 моҳ ба анҷом расонида шуд.
Барои амалӣ кардани навбати дуюми сохтмони марказ моҳи июли соли 2014 байни Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин шартнома ба имзо расида буд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардани ин иншооти муҳими соҳаи энергетикаро муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки татбиқи он барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами муҳиму назаррас мебошад.
Ҳамин тавр баробари ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 бо иқтидори 300 мегаватт, иқтидори умумии он якҷоя бо навбати аввал ҳамагӣ 400 мегаваттро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони Маҷмааи истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Шаҳринав», 110 киловолтаи «Ҳисор» ва сохтмони хати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Ҳисор-Шаҳринав» ба нақша гирифта шуда, то ин муддат ишооти мазкур пурра мавриди истифода қарор гирифтааст.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, барои таъмини боэътимоди неруи барқ ва гармӣ дар шаҳри Душанбе равона гардида, дар оянда иқтидори саноатии шаҳри Душанбе ва иқтидори саноатию аграрии ноҳияҳои тобеи марказро баланд мебардорад.
Пас аз ифтитоҳи иншооти муҳими соҳаи энергетика Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони Маркази барқу гармидиҳӣ ва мутахассисони тоҷику чинӣ, ки дар ҷараёни бунёди он саҳм гузоштаанд, мулоқоти судманд доир карданд.
Зимни суханронии хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти муҳимро ба ҳозирин муборакбод гуфта, пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 — ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт иқдоми назаррас барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва гармӣ арзёбӣ карданд. Баробари бунёди марказ беш аз 700 нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони ихтисосманд бо кори доимӣ таъмин шуданд.