Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол тасдиқ шуд

Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаҳои иштироккунанда дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки  дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия  мегузарад, тасдиқ шуд. Аввалин бозиашро дастаи мунтахаби то 18-солаи Тоҷикистон 8 январ, дар соати 14:00 ба вақти Душанбе дар гурӯҳи «А» бо дастаи мунтахаби Юнон барпо мекунад. Баъди 2 рӯз футболбозони кишварамон бо дастаи мунтахаби Булғория (10 январ, соати 16:45) ва 12 январ (соати 14:00) бо дастаи мунтахаби Эстония қувва месанҷанд. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии «Петербургский» гузаронида мешаванд. Дар ин бора сомонаи sports-info.ru хабар медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи имсола 16 даста ширкат меварзанд ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дуюм дар он ширкат менамояд.

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Юнон, Булғория, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Россия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт-Петербург, Эрон.

Тақвими мусобиқаи имсола чунин аст:

8 январ (якшанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Юнон
16:15 – Булғория – Эстония
18:30 – Латвия – Беларус
21:00 – Россия – Ҳиндустон

9 январ (душанбе)

14:00 – Литва – Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Қазоқистон
18:30 – Молдова – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Эрон

10 январ (сешанбе)

14:00 – Эстония – Юнон
16:15 – Булғория – ТОҶИКИСТОН
18:30 – Ҳиндустон – Беларус
21:00 – Россия – Латвия

11 январ (чоршанбе)

14:00 – Қазоқистон — Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Литва
18:30 – Эрон – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Молдова

12 январ (панҷшанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Эстония
16:15 – Юнон — Булғория
18:30 – Латвия – Ҳиндустон
21:00 – Беларус – Россия

13 январ (ҷумъа)

14:00 – Литва – Қазоқистон
16:15 – Озарбойҷон – Словакия
18:30 – Молдова – Эрон
21:00 – Словения – Санкт-Петербург

14 январ (шанбе)

18:30 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то16  3А – 4В
21:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то16  3В – 4А

15 январ (якшанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то16   3С – 4D
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то 16   3D – 4C
18:30 – чорякфинал 1А – 2В
21:00 – чорякфинал 1В – 2А

16 январ (душанбе)

18:30 – чорякфинал 1С – 2D
21:00 – чорякфинал  1D – 2C

17 январ (сешанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  13 то 16
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои аз  13 то 16
18:30 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то 12
21:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то 12

18 январ (чоршанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  5 то 8
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои аз  5 то 8
18:30 – бозии нимфиналӣ
21:00 – бозии нимфиналӣ

20 январ (ҷумъа)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои   15-16
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои   13-14
18:30 – бозӣ барои ҷойҳои   11-12
21:00 – бозӣ барои ҷойҳои   9-10

21 январ (шанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои   7-8
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои   5-6
18:30 – бозӣ барои ҷойҳои   3-4
21:00 – Финал*

23:00-23:30 Расми пӯшидашавии мусобиқа

*бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудаанд.

 

Tags: