Паёми Пешвои миллат-боз як қадами устувор барои рушди кишвар

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи  Парлумони касбии мамлакат семинар дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз як қадами устувор барои рушди кишвар» баргузор гардид.

Дар семинар вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун омили муҳҳми мусоидаткунанда ба рушди ҷомеа рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар назди тамоми кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталабро мегузорад. Иҷрои саривақтии нуктаҳои он рушди устувори кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

Аз ҷумла, дар Паёми  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои бисёр муҳим ва рӯзмарраи  соҳаҳои иқтисодию-иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, энергетика  ва сиёсати ҷавонон ба миён гузошта шудаанд.  Ин беҳуда нест. Ин нишонаи он аст, ки Пешвои миллат ва Ҳукумат ба ин соҳаҳо,  махсусан ба соҳаи  иқтисодию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Тавре дар Паём зикр гардидааст,  тарбияи ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихор аз ватандорӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омўзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини кишвар  ҳисобида мешаванд.

Дар семинар зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  муваффақ гардида, дар ояндаи наздик ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа сазовор хоҳем шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: