Хабар

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Душанбе

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 20 ноябр баргузор мегарданд.
Дар назар аст, ки зимни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллии пойтахт мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии Қирғизистон ва нишасти матбуотӣ бо иштироки ҷониби Қирғизистон доир гардад.

Душанбе бо ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» қадрдонӣ гардид

 Шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон, ба монанди Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек дар озмуни ҷаҳонӣ ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд. Ин мужда зимни баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон баҳри сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар шаҳри Душанбе баён гардид.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Чин ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар равона шудааст

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дода, гуфт, ки зимни ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Страницы