Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 19 январ барои намояндагони ВАО бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 брифинг барпо гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода зикр кард, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об пешниҳод шуда буд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Соли 2003 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шуда буд. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маҳсуб шуда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
АМИТ «Ховар»