Хабар

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё оғоз кард

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё оғоз кард. 
«Ҳосилот»-и Фархор нахустин дастаи Тоҷикистон аст, ки барои мавсими футболи соли 2017 аз ҳама пеш ба тамринҳо фаро гирифта шуд, зеро «Ҳосилот» барои роҳхат ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО 31 январ вохӯрии аввали худро дар сафар бо чемпиони Афғонистон- «Шоҳин Асмоӣ» барпо мекунад. Бозии ҷавобии дастаҳо дар шаҳри Душанбе 7 феврал доир хоҳад шуд.

Шоми имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф меборад

Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфу борон дар назар дошта шудааст.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, шоми имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳо боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 8 то 12 дараҷа гарм мешавад.

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,

Страницы