Хабар

«Ташаббуси Соли ҷавонон дар доираи СҲШ: таъсир ва манфиати он дар ҳаёти ҷавонон!-ҳамоиш дар КМТ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Ташаббуси Соли ҷавонон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай: таъсир ва манфиатнокии он дар ҳаёти ҷавонон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 1173 адад ёдгориҳои таърихӣ эҳдо шудааст

 Сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллат аз ғановати осорхонааш ҳувайдост. Осорхона танҳо махзани ёдгориҳои бостонию нодир нест, балки оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон чун дастоварди муҳиму фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар дар кори пуршарафи гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ, ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори моддию маънавӣ хизмат мекунад.

Рӯзи Президент бо силсилабарномаҳои фарҳангию варзишӣ ҷашн гирифта мешавад

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузаронидани силсилабарномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ аз 12-то 16-уми ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Страницы