Дирӯз бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф дар якчанд мавзеи роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ, шурӯъ аз километри 48 то 73-юми роҳи мазкур тарма фаромад, ки теъдоди онҳо зиёда аз 50 адад ва баландии ҳар кадоме зиёда аз 10 метрро ташкил медиҳанд. Тавре ки аз гуфтаи сокинони минтақаи мазкур бармеояд, онҳо чунин боришот ва тармафароиро дар чанд соли охир ёд надошта, чунин ҳолатро бори аввал мушоҳида намудаанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Филиали ширкати саҳҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр карданд, ки ширкати мазкур тамоми имконоти мавҷударо бобати рафъи пайомадҳои ҳолати баамаломада равона намудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарияти филиали ширкати мазкур дар минтақаи офатзада қарор дошта, баҳри бартараф намудани оқибатҳои он зиёда аз 30 техникаи пуриқтидори ширкат сафарбар гардидааст, ки дар айни ҳол беист фаъолият доранд. «То ин замон ба таври фаврӣ тармаҳо бартараф шуда, бо кумаки техника ва кормандони «IRS» нақлиёту мусофирони ба мушкил мувоҷеҳшуда аз банди барф озод шуда, ҳаракати нақлиёт дар ин самт таъмин гардид», -афзуд манбаъ.
Масъулини Маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, ки бобати нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб 3200 метри мукааб қум, 300 тонна намак, 75000 литр сўзишвории дизелӣ, намояндагии Зарафшон 2000 метри мукааб қум, 300 тонна намак, 80000 литр сўзишвории дизелӣ, намояндагии Суғд 2550 метри мукааб қум, 200 тонна намак, 40000 литр сўзишвории дизелӣ ва ғайра захира намудаанд. Ба ғайр аз ин, дар Фонди эҳтиётӣ 434769 тонна сўзишвории дизелӣ захира шуда, дар мавриди зарурӣ масраф хоҳад шуд.
Филиали Ширкати «IRS» ҳамрадиф бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иттилоотониро тавсеа бахшида, бо фарорасии фасли сармо роҳандозии смс-хабар, пешниҳоди иттилоъ дар сомонаи филиали ширкат оид ба вазъи роҳ ва номусоидии боду ҳаво, насби банер ва ғайраҳоро ба роҳ мондааст. Мутаассифона, аксари шаҳрвандон ба ин масъала, яъне иттилои пешниҳодшуда бетафовутӣ зоҳир намуда, ҷони худро ба хатар мегузоранд, ки чунин беэътиноӣ баъзан боиси талафоти ҷонии шаҳрвандон мегардад.
Манба: Амит "ХОВАР"