Хабар

Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда мешаванд.

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA беҳтар шуд

Мавқеи футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 22 декабр ба нашр расид, беҳтар шуда, ду зина боло рафт. Акнун дар байни 211 кишвари ҷаҳон бо 231 имтиёз Тоҷикистон дар ҷойи 129-ум қарор гирифт. Дар ин бора сомонаи «www.fifa.com» ҷадвали худро ба нашр расонд.

Страницы