Базмгоҳи асосии истиқболи Соли нави мелодии 2017 майдони «Дӯстӣ» мебошад
Опубликовано пн, 26/12/2016 - 17:20 пользователем tvtБазмгоҳи асосии таҷлили Соли нави мелодии 2017 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе майдони «Дӯстӣ» -и пойтахт мебошад, ки аллакай дар ин ҷо арчаи солинавӣ гузошта шуда, бо чароғакҳои гуногун оро дода шудааст. Бояд зикр кард, ки 31 декабр аз соати 19:00 то 21:00 дар майдони «Дӯстӣ» барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, бо мушакпарронии панҷдақиқаина анҷом меёбад.