Нашри китоби «Шашмақом, таҳрир, тафсир ва интишори нав»
Опубликовано вт, 27/12/2016 - 09:48 пользователем tvtБахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури иттилоотии «Шашмақом, таҳрир, тафсир ва интишори нав» дастраси устодон ва ҳаводорони ин санъати нодир гардид. Асар аз ҷониби муаллиф ва мураттиби китобҳои шашҷилдаи «Шашмақом» ва «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми санъатшиносӣ, сарвари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба нашр расидааст.