«Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини субот ва амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи худ -Афғонистон аст». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар мулоқот бо Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Дар мулоқот мусоҳибон ба масъалаи таҳкими равобити байнипарлумонӣ ва тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар таваҷҷуҳ намуданд. Зикр шуд, ки байни парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъоланд ва ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи равобити байнипарлумонист. Бо дахли ҳамкории иқтисодӣ таъкид шуд, ки бештари тарҳҳои иқтисодӣ ва зерсохтории иҷтимоӣ, энергетикӣ ва нақлиётию транзитӣ, ки дар Тоҷикистон татбиқ шудаанд ва дар ҳоли татбиқанд, пулҳое мебошанд, ки Афғонистонро дар оянда ҳамчун шарики муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ мепайванданд.
Таъкид шуд, ки дар самти тақвияти равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ, бахусус ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва робитаҳои мустақими корӣ байни вилоятҳои наздисарҳадии ду кишвар нақши бориз доранд. Дар ин самт комиссияҳои корӣ дар сатҳи роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз фаъоланд ва ҳар сол ҷаласаи онҳо баргузор мегарданд.
Бо дахли авзои сиёсии Афғонистон Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу ризоят дар Афғонистон аст. «Мо ҳамеша ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, раҳбарияти Афғонистонро дар роҳи ноил гардидан ба сулҳу созиш дар кишвари дӯст дастгирӣ менамоем».
Дипломати афғон Залмай Юнусӣ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Парлумони Тоҷикистон шуда, афзуд, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон тамоми саъю талоши худро ба рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавор дар заминаҳои мухталиф равона хоҳад кард.