Хабар

Тавассути баргузории 248 ярмарка 3371 нафар бекорон бо кори доимӣ таъмин гардиданд

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ҳамчунин муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта дар соли равон дар вилояти Суғд 248 ярмаркаи ҷойи кор гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад

Имрўз ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.

Меҳмононро дар истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

«Мо, ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!»- ҳамоиши ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд

Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 эълон гардид ва ин ташаббуси наҷиб аз ҷониби 193 кишвари олам дастгирӣ ёфт.

Страницы