Ҳушдории КҲФ: Бомҳоро аз барф тоза кунед ва эҳтиёткор бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фақулоддаи кишвар бо пахши як изҳорот дар пайи боришоти пайдарпайи ҳафтаи гузашта аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал овардааст то ҳангоми гаштугузор эҳтиёткор бошанд.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки бар асари ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст ва ин метавонад сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳодисаҳои нохӯши дигар шавад. 
"Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ кунанд. Ҳангоми мушоҳида кардани шушаҳои овезон дар лабгӯшаи бомҳои хонаҳои истиқоматии худ, зарур аст онро ба хадамоти комуналии маҳалли зистатон хабар диҳед, то ки сари вақт тоза карда шаванд.  Кормандони хадамоти нигаҳбонии хонаҳо вазифадоранд ба арзу шикояти шумо сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва пайи рафъи хатар кӯшанд", - афзудааст манбаъ.

Ҳамчунин аз соҳибони хонаҳои хусусии якошёна талаб карда шудааст, ки сари вақт бомҳои хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, то ки дар натиҷаи об шудан он вазнинӣ ба бомҳо наорад ва муҷиби шикастурехти дигар нашавад. 

Кумитаи зимнан шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки  ҳангоми гузар аз роҳҳо бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Илова бар ин аз афроди мошиндор хоҳиш карда шудааст, ки мошинҳои худро дур аз биноҳо нигоҳ доранд: "Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳоли хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи тармахез худдорӣ кунанд, хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд".

.