Тоҷикистону Қирғизистон нақша доранд,ки низоъҳои марзиро пешгирӣ кунанд

Намояндаҳои мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар натиҷаи як мулоқот ба хулосае омадаанд, ки нақшаи амалҳои муштаракро ҷиҳати пешгирии низоъ дар марз омода созанд.
Ба иттилои маркази матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ  зимни вохӯрии Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Мирбек Қосимқулов, ки чанд рӯз пеш дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардида, ба намояндагони мақомоти марзбонии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Қирғизистон дастур дода шудааст то нақшаи мазкурро таҳия созанд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо доир ба вазъ дар марзи давлатӣ ва дигар ҳудудҳои берунаи қаламрави ИДМ табодули назар намуда, дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ кардаанд. Дар ҷараёни гуфтушунид ба масъалаи тадбирҳои муштараки дуҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва ҳаллу фасли вазъҳои мухолифатомез дар марз низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст.
Роҳбарони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон барои нигаҳдориву густариши робитаҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ, зарурати баргузории тадбирҳои гуногуни муштарак миёни ҷавононро таъкид намудаанд.

Tags: