Ҳафтаи гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ Питер Фернандес Карди баргузор гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳоти кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав, дастгирии бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир баён доштанд.
Манба: Амит"ХОВАР"