Хабар

Вазорати фарҳанг: Корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара  оид ба  натиҷаҳои фаъолияти вазорат  дар соли 2016  ва самтҳои минбаъдаи афзалиятноки рушди соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр дар соли 2017  баргузор гардид. Дар ин бора аз  Маркази матбуоти  Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Паёми Пешвои миллат-роҳ ба сӯи бунёдкориву созандагӣ

Дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати тафсири бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва гурӯҳҳои тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми ноҳия роҳандозӣ  гардид. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Муҷун низ чунин мулоқот бо сокинони он доир шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2017 №8
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Назаров О.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назаров Обид Одилович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Страницы