«Базми баҳор»- базми дӯстии Тоҷикистону Чин
Опубликовано пн, 16/01/2017 - 14:56 пользователем tvt14 январи соли равон дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ба муносибати таҷлили соли нави чинӣ барномаи фарҳангии «Базми баҳор» баргузор гардид.
Дар барномаи фарҳангии мазкур Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрвандони муқими ин кишвар дар Тоҷикистон ва дӯстдорони санъату фарҳанги пурғановати кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи Чин мусиқиҳои фораму шуниданиро пешниҳод намуд.