Ярмаркаи ҷойҳои корӣ: 1010 нафар кор ҷустаанд

Дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардидааст, ки дар он беш аз 1000 нафар корҷӯён иштирок кардаанд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» гузаронда шудааст.
Гуфта мешавад, мақсади ташкили ярмарка пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, бо ҷои кор таъмин намудан, бо касбомўзию забономўзӣ ва шаҳодатномакунонии касбӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ будааст. Дар ярмарка ба шаҳрвандон аз ҷониби 80 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе 2127 ҷойи корӣ пешниҳод гардид.
Дар ярмарка 1010 нафар корҷўён иштирок намуданд. Аз ҷониби МД «Марказҳои машаваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе бо 326 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тартиби буду бош дар хориҷи кишвар машварат гузаронида шуда, оид ба тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, зарурати риояи қонунгузории Федератсияи Россия ҳангоми пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ва супоридани имтиҳони маҷмӯӣ ва гирифтани сертификати донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия пеш аз сафар фаҳмонида шуд. Инчунин ба корҷўён ҷойҳои корӣ дар ширкатҳои Санкт-Петербург пешниҳод гардидаанд.

Tags: