Германия нақша дорад шумораи рекордии муҳоҷиронро ихроҷ намояд

Соли 2016 Германия шумораи рекордии муҳоҷиронро (80 ҳазор), ки ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ дода нашуда буд, ихроҷ намуд. Шумораи ихроҷшавандагон соли 2017 меафзояд. Дар ин бора роҳбари маъмурияти канслери Германия Петр Алтмайер ба рӯзномаи «Bild» хабар дод.
Ҳамин тавр, соли 2016 аз муҳоҷирони ба Германия воридшуда қариб 700 ҳазор нафарашон мақоми гуреза гирифта, дархости 300 ҳазор тани дигар барои гирифтани паноҳгоҳ дар Германия рад гардид. «Мо хоҳони онем, ки онҳо ҳарчи зудтар ба ватан баргарданд, вагарна ба нуфузи кишвари мо таъсир мерасад», — гуфт Алтмайер ва зикр намуд, ки ин махсусан ба он муҳоҷироне дахл дорад, ки ҷиноят содир намуданд ва ё ба амнияти Германия таҳдид доранд.
Бино ба гуфтаи Алтмайер, ниҳоди федералӣ оид ба муҳоҷират ва гурезагон «хеле ҷиддӣ омӯхта истодааст, ки ба кадом давлатҳо метавон гурезагонро ихроҷ намуд». «Дар Афғонистон шаҳрҳо ва минтақаҳое ҳастанд, ки муҳоҷирони баргашта метавонанд дар амн зиндагӣ намоянд», — хулосабарорӣ кард Алтмайер.
Чанде пеш канслери Германия Ангела Меркел изҳор дошт, ки дигар ба такрори муҳоҷирати беназорат, мисли соли 2015, ки он гоҳ ба Германия ҳазорҳо гурезагон ворид шуда буданд, роҳ намедиҳад. Бино ба иттилои агентии «Рейтер», бо ин васила Меркел нақша дорад, ки овози интихобкунандагони норизо аз сиёсати дарҳои кушодро қабл аз интихоботи канслери Германия, ки соли 2017 баргузор мешаванд, ба даст орад.
Агентии мазкур зикр менамояд, ки дар давоми 18 моҳи охир Германия беш аз як миллион гурезаро аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон қабул кард.

АМИТ «Ховар»