Дар Бадахшон бар асари тармафароӣ беш аз 70 мошини мусофирбару боркаш дармондаанд

tarma.jpgНазар ба иттилои навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Мансурхон Додихудоев, роҳи Душанбе-Хоруғ чаҳор рӯз ин ҷониб баста буда, кормандон кӯшиш доранд сари вақт роҳро тоза кунанд. «Зиёда аз 70 мошини мусофирбару боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дармонда, мусофирон ба ноҳияи Ванҷ интиқол дода шудаанд. То кушода шудани роҳ онҳо дар хонаҳои сокинони деҳот мемонанд. Пас аз тоза кардани тармаи деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ кушода хоҳад шуд»,- гуфт Мансурхон Додихудоев.
Ҳамчунин навбатдори ситоди мазкур иброз дошт, ки дар роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим тармафароӣ зиёд шуда, тоза кардани ин тармаҳо муҳлати зиёдро талаб мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, бар асари тармафароӣ чанд манзил дар ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон хароб гардидаанд.

Манба: АМИТ"ХОВАР"