Бахшида ба Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Опубликовано пн, 18/03/2019 - 18:26 пользователем admin
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгонамон Наврӯзи хуҷастапай рӯзҳои 21-22 марти соли 2019 дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон баргузор мегардад.


Чуноне қаблан иттилоъ додем, рӯзҳои 20-24 марти соли равон дар пойтахт Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Қисмати расмии Форуми мазкур 22 марти соли 2019 дар «Кохи Суруш» доир мегардад.