Аз 23 то 25 марти соли равон дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор мешавад.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур муайян гардида, дар Ҷоми кушоди ҷаҳон ҷумҳурии моро 4 варзишгар — Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Мустафо Даминов бо роҳбарии раиси Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов намояндагӣ мекунанд.
Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Бҳопал барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад.
Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.
АМИТ «Ховар»