Пагоҳ, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Ганҷи наврӯзӣ» намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарпешагони ансамблҳои «Лола», «Зебо», «Гулрез», «Ситора», «Ҷаҳоноро», «Парасту», «Дарё», «Новая Эра», ансамбли фолклорӣ- этнографии «Хутал»-и вилояти Хатлон, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳунарпешагони ансамбли «Фалак» — и шаҳри Кўлоб, ҳунарпешагони бахши Раёсати фарҳанги ВМКБ, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли «Славяне»-и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ансамбли эстрадии «Ориё» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамчунин дар ин барнома барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Даниэл Рустамов бо ҳунарнамоии худ табъи тамошобинонро хуш мегардонад.
АМИТ «Ховар»