Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро баррасӣ намуд
Опубликовано пн, 18/03/2019 - 18:30 пользователем admin
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.


«Корвони саломатӣ» –и соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор зери шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» бо иштироки зиёда аз 12 нафар мутахассисони ботаҷриба бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ ба сокинони ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳр хизмати ройгони тиббӣ расонид.
Аз 9 то 11 марти соли равон дар шаҳри Бангкоки Давлати шоҳигарии Тайланд Олимпиадаи 8-уми байналмилалӣ аз фанни математика ва роботсозӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 800 нафар хонанда аз 22 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 26 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муаррифӣ карданд.