Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва агентию идораҳо 28 январи соли 2019 оғоз мегарданд.
Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳамарӯза аз ҷониби якчанд вазорату кумитаҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба дилхоҳ саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.
Масъулини вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, мувофиқа намоянд. Ҳамарӯза дар сайти Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» сана ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.
Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишастҳои матбуотӣ 28 январ оғоз гардида, 15 феврал ҷамъбаст мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.
АМИТ «Ховар»