Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Дар конференсияи мазкур олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва муовинони раиси шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад олимону кишоварзон дар мавзӯъҳои «Кластеркунонӣ ҳамчун шакли инноватсионии ташкили меҳнат дар кишоварзӣ», «Ҳолати кунунии базаи моддию техникии соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои беҳтаргардонии он», «Технологияи нави боғдории интенсивӣ ва самаранокии он», «Зотпарварӣ ҳамчун омили рушди чорводорӣ» ва «Кластеркунонӣ ҳамчун шакли ҳамгироӣ дар комплекси агросаноатӣ» маърӯза намуданд.
Директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ Хуршед Давлатов изҳор дошт, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорвои калони шохдор чорвои ширдеҳи зоти сиёҳало- типи сиёҳалои тоҷикӣ, зоти швитсӣ-типи дохилизотии швитсизебумонанди тоҷикӣ, зотҳои симменталӣ, голштинии пайдоишаш немисӣ, эронӣ ва беларус, аз чорвои гӯштӣ зотҳои қазоқии сарсафед абердин-ангус, қалмиқӣ» ва дурагаҳои онҳо шароле, герефордӣ, инчунин қутосҳо парвариш карда мешаванд. Таҷрибаи чорводории ватанӣ ва ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки баланд бардоштани маҳсулнокии ҳайвонро танҳо бо роҳи беҳтар намудани корҳои зотпарварӣ ба даст овардан мумкин аст. Барои он, ки хоҷагиҳои чорвопарварӣ бо ҳайвоноти баландмаҳсули зотӣ таъмин бошанд, пеш аз ҳама, интихоби зоти дурусти чорво ва хоҷагиҳои зотпарварӣ нақши муҳим мебозад».
Дар конференсия зикр гардид, ки равандҳои татбиқи Барномаи ислоҳоти аграрӣ дар мамлакат бо назардошти ташаккули шаклҳои гуногуннизоми хоҷагидорӣ ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардаанд. Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба рушди соҳа дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ташаккули кластерҳои агросаноатӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
АМИТ «Ховар»