Дар заминаи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар доираи «Амалисозии лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ» барои Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ техникаву механизмҳои махсус, аз ҷумла булдозери пуриқтидор, боркунаки фронталӣ ва мошинҳои ахлотбарӣ дастрас карда шуд. Маблағи умумии техникаву механизмҳо 190 ҳазору 300 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Сармуҳандиси корхонаи мазкур Наврӯз Хусравбеков ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар баробари кумаки техникӣ ҳамчунин бинои дуошёна барои кормандони корхона, сарой барои техникаву механизмҳо ва анборхона барои нигоҳдории маводи зиддилағзиш, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва амсоли инҳо бунёд мегардад.
Ҳамзамон дар маҳаллаҳои шаҳр 100 қуттӣ барои партови сахти маишӣ ва моеъ гузошта мешавад. Навсозии партовгоҳи умумӣ низ аз амалҳоест, ки дар доираи татбиқи ҳамин лоиҳа пешбинӣ гардидааст. Ин партовгоҳ замоне интихоб шуд, ки шаҳри Хоруғ танҳо 19 ҳазор аҳолӣ дошт. Ҳоло нуфузи шаҳр як баробар афзудаю зарур аст масоҳати партовгоҳ васеъ гардад.
Барои анҷом додани ин корҳо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо 4 миллион евро ҷудо намудааст, ки 2 миллиони он қарзи имтиёзнок ва ду миллиони дигар маблағи бебозгашт (грант) мебошад.
АМИТ «Ховар»