Тоҷикистону Лаҳистон дурнамои рушди муносибатҳоро баррасӣ намуданд

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 11 октябр Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд) Петр Ивашкевичро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистон ибрози андеша намуда, умедвории амиқро аз таҳкими минбаъдаи онҳо баён карданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин мавзӯъҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: