Ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио густариш меёбанд

Имрўз, 07.08.2020 вохўрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо  баргузор шуд.

Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан фарҳангӣ ва телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио оид ба имконоти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио маълумот дода, тавсеаи равобити дуҷониба дар ин самтро барои муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги ду давлат муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид шуд, ки шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон дар баробари дигар забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба забони арабӣ низ барномаҳо таҳия ва пахш менамоянд. Дар ин росто, истифода аз таҷрибаи ҷониби Фаластин, ки забони давлатии он арабӣ мебошад, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони кумита ва омўзиши таъриху фарҳанги ин давлат мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии телевизион ва радиои Давлати Фаластинро, ки дар баррасии тарафҳо қарор дорад, воситаи муҳимми тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати ҳарчи зудтар омода ва ба имзо расидани онро таъкид карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дар навбати худ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи телевизион ва радио, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардумони ду мамлакат таъкид намуд.

Tags: