обу ҳаво

ҲУШДОРИ ОБУҲАВОШИНОСОН: 5-7декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистон яхбандӣ мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки дар робита ба боришоти барф рӯзҳои 5-7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистоон яхбандӣ мешавад. Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан хунук мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки даҳаи аввали моҳи декабр, яъне  аз 2 то 6  декабр ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанди абрнок ва бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борон ва барфро пешгӯӣ менамояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Страницы