Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанди абрнок ва бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борон ва барфро пешгӯӣ менамояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз, 30 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6  дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  14-19 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-4 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона  0-5 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"