Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки даҳаи аввали моҳи декабр, яъне аз 2 то 6 декабр ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар шарқи ин вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Имрӯз, 4 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва боридани барфу борон дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар дошта шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамзамон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар вилояти Хатлон ҳам пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 -6 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва дар барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"