обу ҳаво

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 14 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ҷойҳо  боридани  барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  ва дар баъзе ҷойҳо 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  13-18, дар баъзе ҷойҳо то 19-24 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 13 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок   ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар аст.

Страницы