обу ҳаво

Имрӯз дар Душанбе гармии ҳаво ба 18 дараҷа мерасад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 3 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии ҳаво дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои офтобӣ дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 28 декабр дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти шарқ ба мушоҳида расида, то 20-22 метр дар як сония мевазад. Дар бештари ноҳияҳо ҳавои офтобӣ дар назар аст.

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5 дараҷа сард мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 27 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Рӯзона пастшавии ҳарорат пешгӯӣ гашта, ба 8-10 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии шамол аз самти ғарб ба мушоҳида расида, то 20-25 метр дар як сония мевазад. Дар ҷануби кишвар чангу ғубор дар назар аст. Тӯли ин муддат дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ пешгӯӣ карда мешавад.

Страницы