Имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид ва боридани борон дар назар аст
Опубликовано чт, 11/01/2018 - 09:13 пользователем tvtИмрӯз, 11 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид ва тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон ва фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.