Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 27 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Рӯзона пастшавии ҳарорат пешгӯӣ гашта, ба 8-10 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии шамол аз самти ғарб ба мушоҳида расида, то 20-25 метр дар як сония мевазад. Дар ҷануби кишвар чангу ғубор дар назар аст. Тӯли ин муддат дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ пешгӯӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи номусоид шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 27 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, тӯли рӯз боридани борон пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 3-2 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Обуҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфро пешгӯӣ мекунанд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 28- 29 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ яхбандии роҳҳо пешгӯӣ гашта, туман мефарояд.
АМИТ "Ховар"